Давоми 1 моҳ гази моеъ дар Душанбе беш аз 50% гарон шуд

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳи охир ба андозаи беш аз 50% боло рафт. Беш аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода бурда, ҳанӯз охири моҳи май дар нуқтаҳои сӯзишворӣ он бо нархи 2,50 сомонӣ (барои 1 литр) фурӯхта мешуд. Имрӯз 1 литри он аллакай 3,80 […]

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳи охир ба андозаи беш аз 50% боло рафт.

Беш аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода бурда, ҳанӯз охири моҳи май дар нуқтаҳои сӯзишворӣ он бо нархи 2,50 сомонӣ (барои 1 литр) фурӯхта мешуд. Имрӯз 1 литри он аллакай 3,80 сомонӣ арзиш дорад.

Таҳвилгарони ин навъи сӯзишворӣ гароншавии онро ба болоравии нархи яклухти он марбут медонанд. Ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мешавад. Дар ширкатҳо қайд мекунанд, ки дар мавсими ҳосилғундорӣ талабот ба гази моеъ дар ин кишвар чандин маротиба меафзояд ва мутаносибан, нархи содиротӣ ба он низ боло меравад.

Лекин тасдиқи гуфтаҳои ширкатҳои воридкунандаи гази моеъро дар бораи гароншавии нархи яклухти он дар Қазоқистон мо на дар сомонаҳои сохторҳои дахлдор ва на дар ВАО-и ин кишвар ёфта натавонистем.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бинобар мавҷуд набудани субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ин бозор мавқеи ҳукмфармо дошта бошанд, онҳо ба дахолат дар ҷараёни нархгузории газ ҳуқуқ надоранд.

Мувофиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, субъекти хоҷагидоре, ки ҳиссаи он дар ин ё он бозор на камтар аз 35%-ро ташкил медиҳад ё се ширкате, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 50% ва ё панҷ субъекте, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, субъекти ҳукмфармо шуморида мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамот, ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои гуногун машғуланд, ки ҳиссаи ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳатто аз 20% зиёд нест.

Бо вуҷуди ин, таъкид доштанд дар Хадамот, ин бозор доимо зери назорат қарор дошта, асоснокии болоравии нарх санҷида мешавад.

Тоҷикистон ҳамасола ба зиёда аз 400 ҳазор тонна гази моеъ ниёз дорад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.