Душанбе: додар дар ҳолати мастӣ хоҳарашро кушт

Asia-Plus

Сокини 34-солаи қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ маҳкумшудаи пойтахт ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 7-уми июл ӯ дар ҳолати мастӣ бо апааш, зани 36-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда, 2 маротиба бо дастонаш ба сару рӯи ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Инчунин ҳамин рӯз дар шаҳри Исфара сокини маҳаллӣ ду касро бо корд захмӣ кардааст. Марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Шаҳрак бо ҳамсояаш марди 54-сола ва писараш марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур вохӯрда, зимни муноқиша ба шиками ҷабрдида ва  тарафи қафаси синаи чапи писараш бо корд зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти омори расмӣ, моҳи май ҳодисаҳои сабти ҷиноятҳое чун одамкушӣ, дуздӣ дар манзилҳо ва роҳзанӣ дар ҷумҳурӣ зиёд шуд. Дар ин давра 283 ҷиноятҳои вазнин содир шудаанд, ки дар қиёс бо моҳи майи соли гузашта 126 чунин ҷиноят камтар мебошад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи майи имсол шумори ҳодисаҳои куштор ва суиқасд ба он ба миқдори 62%, дуздӣ дар манзилҳо – 35% ва роҳзанӣ – 75% афзудааст.

Моҳи май инчунин сабти ҳодисаҳои авбошӣ (5%) ва далелҳои дуздӣ дар умум (13%) зиёд шуда, дар ҳамин ҳол, сабти ҳодисаҳои ғоратгарӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар, вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, порагирӣ кам шудааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ ба сурати умум 1,5 ҳазор ҷиноятҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 12,4% камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...