Дорувории истеҳсолкардаи “Вежа фарм” ба беморхонаҳо пешниҳод шуд

Корхонаи дорубароии ҶДММ “Вежа фарм” истеҳсоли зиёда аз 15 намуд дорувории гуногунро ба роҳ мондааст. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, корхонаи мазкур то моҳи июли соли равон дар маҷмӯъ 3285 ҳазор флакон доруворӣ истеҳсол ва дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст.   Дар “Вежа фарм” истеҳсоли […]

Корхонаи дорубароии ҶДММ “Вежа фарм” истеҳсоли зиёда аз 15 намуд дорувории гуногунро ба роҳ мондааст.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, корхонаи мазкур то моҳи июли соли равон дар маҷмӯъ 3285 ҳазор флакон доруворӣ истеҳсол ва дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст.  

Дар “Вежа фарм” истеҳсоли моеъҳои «Новокаин», «Рингер», «Натрий хлорид» 200, 250 млг., «Глюкоза» 200, 250 млг., «Трисол» 200, 250 млг., «Манит» аз 100 то 500 млг., «Метронидазол» аз 100 то 500 млг. «Реоплиглюкин» аз 200 то 500 млг. ба роҳ монда шуда, солона дар ҳаҷми то 10 млн. сомонӣ маҳсулот пешниҳод мешавад.

Мутасаддиён нақша доранд, ки то охири соли равон дар ҳудуди корхона хати истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ бо назардошти стандартҳои байнулмилалӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Айни замон шумораи коргарон 103 нафар буда, зимни ба кор андохтани ду хати нави истеҳсолӣ ба 200 нафар расонида мешавад.

Ҳамзамон корхона мақсад дорад, ки бо таъмини бозори дохилӣ дар оянда маҳсулоти худро ба кишварҳои хориҷаи наздик содирот кунад.

Дар назар аст, ки хати истеҳсоли маҳсулоти гуногун барои кӯдакони ширхор низ роҳандозӣ шуда, омӯзиши бозори дохилӣ ва минтақа баҳри истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти соҳавии воридотивазкунанда тақвият дода шавад.

Корхонаи дорубарорӣ соли 2015 ҳамчун ҶДММ «Вежа фармасевтикал» дар иқтидорҳои бекорхобидаи ҶСП «Фарфор»-и шаҳри Турсунзода бо ҷалби зиёда аз 30 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Биною иншоотҳои барои корхона пешбинишуда ба таври замонавӣ таъмир гардида, таҷҳизоти муосири дорубарорӣ аз ҷумҳуриҳои Украина ва Чин харидорӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.