Кумаки молиявии раиси Суғд ба 77 нафар наврасону донишҷӯёни маъюб

Бахшида ба «Рӯзи маъюбон» кӯмакҳои пулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 77 нафар кӯдакон ва донишҷӯёни шаҳри Хуҷанд дастрас карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби Асрор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ба 72 нафар маъюбони навраси синну солашон гуногун ва 5 нафар донишҷўёни шаҳри Хуҷанд кумакпулии яквақта, ки […]

Бахшида ба «Рӯзи маъюбон» кӯмакҳои пулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 77 нафар кӯдакон ва донишҷӯёни шаҳри Хуҷанд дастрас карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби Асрор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ба 72 нафар маъюбони навраси синну солашон гуногун ва 5 нафар донишҷўёни шаҳри Хуҷанд кумакпулии яквақта, ки тибқи қарори раиси вилояти Суғд ҷудо шуда буд ва ҳамзамон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз тибқи қарори дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд барои 62 нафар бошандагон низ кумаки моддӣ ҷудо карда шуд. Ба 2 нафар маъюбони шаҳри Хуҷанд аробачаи маъюбӣ дастрас гардид.

Зикр мегардад, ки тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 20 нафар шахсони маъюб аёдат ва ба ҳамаи онҳо маводи ниёзи аввал дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.