Кумаки соҳибкорон ба муассисаҳои тандурустии ВМКБ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” ба муассисаҳои тандурустиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 кумаки иборат аз либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва доруворӣ дастрас кардааст.

Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, ҳарчанд ки шиддати паҳншавии бемории COVID-19 дар чанд ҳафтаи охир бамаротиб паст шудааст, аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки то пирӯзии комил бар коронавирус аз чораҳои худмуҳофизатӣ даст накашанд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо изҳори сипос зимни қабули кумаки навбатӣ аз ҶДММ “Хрустал” гуфтааст: “Маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки Тоҷикистон тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ карда, вазиятро ба эътидол орад”.

Инчунин сардори раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров қайд кардааст, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ (антисептик) ва доруворӣ ирсол доштааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин мавод дар анборхона захира шуда, дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд. Зеро тибқи таҳлили коршиносони соҳаи тиб, бемории COVID-19 имкон дорад, ки дуввумбора ҳам хуруҷ кунад.

Алъон дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ ягон намуди воксин аз тарафи табибони сироятшинос тасдиқ нашудааст ва роҳҳои пешгирии он истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ, пайваста шустани дастон ва риояи фосилаи ҷисмонӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...