Гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ кумаки яквақта мегиранд

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11 июл тасмим гирифт, ки ба қишрҳои осебпазири ҳаолӣ дар ҳаҷми як музди меҳнати ҳадди ақал (400 сомонӣ) кумаки яквақта расонад.

Қарори мазкур дар доираи амалисозии фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон» қабул шудааст.

Ин санад дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шудааст.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молия ва БДА «Амонатбонк» пешниҳод намоянд.

Вазорати молия ба мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудо кардани маблағ барои пардохти кумакпулии яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва БДА “Амонатбонк” ба таъмини интиқоли саривақтии маблағҳои мақсадноки ба суратҳисобаш воридгардида бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ вазифадор карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...