Гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ кумаки яквақта мегиранд

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11 июл тасмим гирифт, ки ба қишрҳои осебпазири ҳаолӣ дар ҳаҷми як музди меҳнати ҳадди ақал (400 сомонӣ) кумаки яквақта расонад. Қарори мазкур дар доираи амалисозии фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон» қабул шудааст. Ин санад дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шудааст. […]

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11 июл тасмим гирифт, ки ба қишрҳои осебпазири ҳаолӣ дар ҳаҷми як музди меҳнати ҳадди ақал (400 сомонӣ) кумаки яквақта расонад.

Қарори мазкур дар доираи амалисозии фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон» қабул шудааст.

Ин санад дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шудааст.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молия ва БДА «Амонатбонк» пешниҳод намоянд.

Вазорати молия ба мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудо кардани маблағ барои пардохти кумакпулии яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва БДА “Амонатбонк” ба таъмини интиқоли саривақтии маблағҳои мақсадноки ба суратҳисобаш воридгардида бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ вазифадор карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.