Дастури сарвазир ҷиҳати ташкили ярмаркаҳои мактабӣ дар саросари кишвар

Айни замон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 2 млн нафар таҳсил мекунанд. Ярмаркаҳои фурӯши сарулибоси мактабӣ ва асбобу лавозимоти хониш дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон 1 август боз шуда, то 31 август кор мекунанд. Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонид. Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Айни замон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 2 млн нафар таҳсил мекунанд.

Ярмаркаҳои фурӯши сарулибоси мактабӣ ва асбобу лавозимоти хониш дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон 1 август боз шуда, то 31 август кор мекунанд. Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонид.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, корхонаҳои дӯзандагии кишвар талаботи ҷумҳуриро ба таъмин бо сарулибоси мактабӣ пурра қонеъ карда метавонанд.

Сарвазир ба Агентии “Тоҷикстандарт” дастур дод, ки санҷиши сифати сарулибоси мактабиеро, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, ба роҳ монад.

Ташкили ҷойҳо барои ташкили ярмаркаҳо ба дӯши корхонаи “Тоҷикматлубот” вогузор шудааст. Ҷойҳо бояд бепул пешниҳод карда шаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илм, айни замон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон беш аз 2 млн нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.