Даргузашти собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Назарбегим Муборакшоева

Собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ Назарбегим Муборакшоева дар синни 68-солагӣ набаҳангом аз олам даргузашт. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар саҳифаи ҳукумати вилоят дар шабакаи Facebook ба пайвадону наздикони марҳум изҳори тассалият кард. Дар бораи сабаби марг маълумот дода нашудааст. Назарбегим Муборакшоева дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омада, соли 1974 Донишкадаи хоҷагии […]

Собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ Назарбегим Муборакшоева дар синни 68-солагӣ набаҳангом аз олам даргузашт.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар саҳифаи ҳукумати вилоят дар шабакаи Facebook ба пайвадону наздикони марҳум изҳори тассалият кард.

Дар бораи сабаби марг маълумот дода нашудааст.

Назарбегим Муборакшоева дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омада, соли 1974 Донишкадаи хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси агроном ва соли 1991 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада ба ҳайси агрноми колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон, сипас дар мақоти комсомоливу ҳизбӣ, раис, мудири шуъбаи кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон кор кардааст.

Соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшон таъин шуд.

Солҳои 2000-2005 – вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати 2-юм.

Моҳи марти соли 2007 раиси шаҳри Хоруғ таъин шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.