Васеъкунии шабакаи «босуръат»-и Мегафон Тоҷикистон дар Хатлон

Иттилоияи расмӣ

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ минтақаи фарогирии интернети мобилии 4G-ро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон васеъ намуд. Даҳҳо ҳазор сокинони вилоят имкон доранд, ки хизматрасониҳои интернети мобилиро бо суръатҳои баландтар истифода намоянд.

Дар рафти корҳои техникии тобистона дар якчанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби оператор пойгоҳҳои нави базавӣ насб карда шудаанд. Аз ҷумлаи ин ҳудудҳо – шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд. Технологияҳои аз ҷониби муҳандисони ширкат истифодашуда на танҳо ба баландшавии суръати дастрасии мобилӣ, ки афзалияти асосии шабакаи 4G маҳсуб меёбад, мусоидат намуд, балки инчунин ҳиссаи пайвастагиҳои бомуваффақияти овозӣ ва интернетиро низ зиёд намуд.

“Ҳамаи лоиҳаҳои техникӣ ду мақсад доранд: баландбардории сатҳи устувории хизматрасониҳо ва васеъкунии ҳудуде, ки дар он хизматрасониҳои мазкур ба сокинони Хатлон дастрас мебошанд. Одатан чунин корҳо барои муштариён ноаёнанд, зеро дар он вақте гузаронида мешаванд, ки истифодабарандагони интернет дар шабака хеле каманд. Лекин натиҷа барои ҳама писанд аст. Сифати беҳтари “овоз”, суръатҳои баландтари интернет, пайвастагии устувор дар вақти зангҳо – ҳамаи ин дастовардҳое мебошанд, ки мо ҳангоми инкишофи шабака ба онҳо ноил шудем”, – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...