Саъдуллои 17-сола аз оҳанпораю қисмҳои эҳтиётӣ минитрактор сохт

Хуршеди Фозил, махсус барои Asia-Plus

Як сокини 17-солаи Панҷакент аз қисмҳои эҳтиётии нақлиёти дигар ва оҳанпора мошинеро сохт, ки бо харҷи ками сӯзишворӣ метавонад кори зиёд анҷом диҳад.

Саъдулло Бобобеков аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент мегӯяд, мошини ихтироъкардааш минитрактор буда, онро дар муддати 10 шабонарӯз сохтааст. Қисмҳои гуногуни минитрактор аз нақлиёти “Нива”, “ГАЗ-53” ва “Жигули”, инчунин аз ҳар гуна оҳанпора васлу насб шудааст.

“Дар як соат аз 600 то 800 грамм сӯзишворӣ масраф мекунад, ки хеле кам аст, – иброз дошт Саъдулло. – Ин минитрактор метавонад замин ҷуфт кунад, ҷӯя кашад, то 4-5 тонна бор кашонад ва он корҳоеро, ки трактор иҷро мекунад, ба сомон расонад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд минитрактори сохтааш корҳои гуногунро анҷом дода метавонад, аммо ҳоло пурра омода набуда, ба он чароғ ва анбора (аккумулятор) бояд насб карда шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...