Хандақҳо ва постгоҳҳои пурзӯршуда дар қитъаи сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Барои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус дар тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаи байни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак назорати ҳамаҷониба ҷорӣ шуда, убури ғайриқонунии он аз ҷониби шаҳрвандони ҳамсоякишвар ғайриимкон аст.

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сарҳад байни кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз нимаи моҳи апрел баста шуда, назораи сарҳадӣ пурзӯр карда шуд.

“Асосан қаламрави ду ҷамоати ноҳия – Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо Қирғизистон ҳамсарҳаданд. Дар 17 гузаргоҳи мавҷуда ба хотири пешгирии равуои ғайриқонунии нақлиёт ва шаҳрвандон хандақҳо кофта шуда, аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва сарҳадбонон постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шуданд. Мо тамоми роҳҳои имконпазири убурро аз ду самт – Конибодом ва аз тарафи худ бастем”, – иброз дошт Зариф Назирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, қад-қади шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом, ки хати шартии сарҳад байни маҳаллаҳои аҳолинишини ду кишвар шуморида мешавад, шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳои Қирғизистон ҷойгиранд.

Зикр шуд, ки барои пешгирии паҳншавии коронавирус тадбирҳои муассир андешида шуда, дар ҳама ҷо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ гузошта шудаанд, ки ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардидаанд.

“Сарҳад пурра баста буда, ғайриқонунӣ гузаштани он аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қариб ғайриимкон аст”, – афзуд раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...