Мусодираи гӯшти мурғи ширкати “Шивер Тоҷикистон” дар сарҳад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон соли равон 670 кило гӯшти мурғи ширкати “Шивер Тоҷикистон”-ро бе ҳуҷҷатҳои дахлдор дар сарҳад мусодира карданд. Ин ширкат молики франшизаи шабакаи гипермаркетҳо таҳти тамғаи “Ашан” аст.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор гӯшти муодирашуда ба ихтиёри Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе супурда шуд.

Дар ҷараёни санҷишҳои Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ ҳудуди 34 тонна маснуоти гӯштӣ, ки ба талаботи бехатарии ғизо ҷавобгӯ набуданд, мусодира ва нобуд карда шудаанд.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ наздики 10,5 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шуда, ҳамаи он дар нуқтаҳои сарҳадии Кумита аз санҷиш гузаштаанд.

Ба гуфтаи Файзуллозода, имрӯз барои ба Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти хатарнок барои солимӣ ҳеҷ гуна имконият нест.

Аммо хавфи воридоти маҳсулоти пастсифат аз ҷониби қоҷооқбарон вуҷуд дорад, ки аз нуқтаҳои ғайрирасмии убури сарҳад истифода мекунанд.

“Тибқи маълумоти мо, танҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 127 нуқтаҳои ғайриқонунӣ мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ тариқи қочоқ оварда мешавад”, – хабар дод роҳбари Кумита.

Ба ақидаи ӯ, дар минтақаи сарҳад бо Қирғизистон хонаҳои сокинони ду кишвар аз ҳамдигар хеле наздик ҷойгир шуда, назорати пурраи интиқоли молу маҳсулот аз як ҷой ба ҷойи дигар хеле душвор аст.

“Аз ин рӯ, баъзан дар нуқтаҳои фурӯш маҳсулоти пастсифат пайдо шуда метавонанд”, – афзуд Файзуллозода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...