Вазорати нақлиёт: Ҳаҷми зиён аз боркашонӣ 132 млн сомониро ташкил дод

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Баста шудани сарҳадҳо ва маҳдудиятҳои ҷоришуда вобаста ба пандемияи коронавирус ба коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли байнулмилалии бор ва мусофирон боис гардид.

“Давоми 6 моҳи соли равон тариқи ҳама гуна навъи нақлиёт дар умум 38790,2 ҳазор тонна бор кашонида шуда, ба 296018,8 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ сурат гирифтааст, ки мутаносибан ба 92,2% ва 97% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст”, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода.

Ба гуфтаи вазир, бар асари пандемияи коронавирус моҳҳои охир ҳаҷми боркашонии байнулмилалӣ ва хизматрасонӣ ба мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфт.

“Зиёни расида аз таъсири пандемия ба боркашонии автомобилӣ 132 млн сомонӣ арзёбӣ шуда, Вазорат баҳри беҳбуди вазъият дар ин самт тадбирҳои дахлдор рӯйи даст мегирад”, – иброз дошт Худоёрзода.

Зикр шуд, ки қаблан боркашонӣ ва мусофиркашонии байнулмилалӣ тариқи 17 постгоҳҳои назоратии сарҳадӣ сурат гиифта, бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, айни замон он танҳо тавассути 7 постгоҳ амалӣ мешавад.

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 3 постгоҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон – 2 ва дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистону Чин 1-постгоҳӣ амал мекунанд.

Вазири нақлиёт зикр кард, ки фаъолияти постгоҳи назоратии “Қулма” дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз аввали сол қатъ гардида, аввали моҳи май барқарор шуд, лекин тариқи он танҳо ба боркашонии контейнерӣ иҷоза дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...