Низоми обу корези Душанбе пурра навсозӣ мешавад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бо дастури шаҳрдории Душанбе заминаи техникиву иқтисодии “Обу корези шаҳри Душанбе” бо назардошти васеъшавӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди таҳия қарор дорад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки мушкили таъминот бо об ҳал шуда, акнун бо дастури ҳукумати пойтахт заминаи техникву иқтисодӣ оид ба низоми обу корези шаҳр таҳия мешавад.

“Заминаи техникиву иқтисодӣ аз ҷониби шуъбаи лоиҳакашии мо таҳия гардида, то охири моҳи октябр онро ба раҳбарияти шаҳр пешниҳод мекунем”, – гуфт Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, бо ин мақсад гурӯҳи байниидоравӣ таъсис ёфта, онҳо дар ҳар як кӯча ҳамаи камбуду норасоиҳоро дар ин низом меомӯзанд.

“Зимни таҳияи заминаи техникиву иқтисодӣ васеъшавии қаламрави шаҳр тибқи Нақшаи генералӣ ба инобат гирифта хоҳад шуд”, – таъкид дошт раиси Кумита.

Зимнан зикр шуд, ки мувофиқи Нақшаи генералӣ, иншооти поккунӣ (тозакунӣ) низ кӯчонида шуда, дар дигар ҷой иншооти нав сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...