Сохтмони бинои парлумон ва ҳукумат дар Душанбе ба наздикӣ оғоз мегардад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат дарҳол баъди ба Тоҷикистон омадани паймонкорони Чин оғоз мегардад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки бар асари пандемияи коронавирус паймонкорон ва коргарони Чин саривақт ҳозир шуда натавонистанд, аз ин рӯ, корҳои сохтмон дарҳол пас аз омадани онҳо шурӯъ мешавад.

“Аз сафорати Чин хабар доданд, ки айни замон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва раводид барои онҳо омода шуда истодааст, – иброз дошт ӯ. – Рӯзи дақиқи омадани онҳо алҳол маълум нест, лекин дар муддати як моҳ бояд оянд”.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ҳарчанд сохтмон аз ҷониби Чин маблағгузорӣ шавад ҳам, мувофиқи созишнома, 80%-и коргарон аз Тоҷикистон ба кор қабул мешаванд.

“Биноҳо хеле бузург буда, бинобар ин, мавриди истифода қарор додани онҳо дар муддати се сол пешбинӣ шудааст”, илова кард ӯ.

Гранти Чин

Созишнома дар бораи ҷудо кардани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (215 млн. доллар) барои сохтмони бинои парлумон ва маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар моҳи сентябри соли 2017 зимни сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин имзо шуда буд.

Баъди як сол байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар бораи додани кумаки бебозгашти иловагӣ дар ҳаҷми 900 млн. юани чинӣ ($129,5 млн)  барои омода ва амалисозии лоиҳа оид ба сохтмони ин манзилҳо, лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонӣ, фарҳанг ва маориф созишнома ба имзо расид.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...