Дар Тоҷикистон ҳоло касе барои надоштани ниқоб ҷарима нашудааст. Чаро?

Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 8 июл тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи онҳо барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти носаҳеҳ ҷаримабандӣ ва барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ВКД ҷумҳурӣ хабар доданд, лекин то 20 июл ҳеҷ касе мутобиқи ин тағйирот ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алҳол аз ҷаримабандӣ худдорӣ карда, танҳо бо суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ иктифо мекунанд.

“Аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ то ҳол касе вобаста бин масъала ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Лекин мақомоти милитсия корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр карданд. Агар шаҳрванд дидаву дониста дар бозор ё марказҳои савдо бе ниқоб гардад, бори аввал ӯро огоҳ мекунанд, вале агар қонуншиканӣ такрор гардад, онҳо ҷарима мешаванд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.

Ӯ тавсия дод, ки агар касе дар ин маврид бе асос ҷарима шуда бошад, метавонад ба телефони боварии ВКД – 221 21 21 муроҷиат намояд.

Тағйирот ҳоло қонунӣ нест

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар дод, тағйроти зикршуда ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст, чунки пас аз қабул Вазорати тандурустӣ бояд ба онҳо шарҳу тавзеҳ пешниҳод мекард.

"То пешниҳоди шарҳу тавзеҳи расман тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҷарима карда наметавонанд”, – қайд кард манбаъ дар Вазорати адлия.

Ба гуфтаи манбаъ, дар шарҳу тавзеҳи расмии Вазорати адлия бояд ҳатман маҳз дар куҷову  кай ва дар кадом вақт ниқоб доштани одамон ва мушаххасан чӣ маъно доштани мафҳуми маълумоти носаҳеҳ фаҳмонида шавад.

Ёдрас мекунем, ки матни тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон рӯзи 8 июл дар нашрияи ҳукумат – “Ҷумҳурият” нашр шуд.

Мувофиқи моддаи 2-и матни тағйирот, қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

Бино ба тағйирот, минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима шуда, барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус шахс ба муҳлати аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи бемориҳои хатарноки сироятӣ, аз ҷумла коронавирус тариқи ВАО ва интернет ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Матни тағйирот бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...