Бекорӣ дар Русия то ба ҳадди баландтарин дар 8 сол расид

Шумори умумии бекорон дар Русия моҳи июни соли равон 4,6 млн нафарро ташкил дод. Тавре нашрияи Медуза менависад, дар ин бора дар ҳисобҳои пешакии Идораи омори ин кишвар маълумот дода шудааст. Тибқи маълумоти мазкур, сатҳи бекорӣ ба 6,2% баробар аст. Тавре “Интерфакс” хабар медиҳад, ин нишондиҳандаи баландтарин аз моҳи моҳи марти соли 2012 (он вақт […]

Asia-Plus

Шумори умумии бекорон дар Русия моҳи июни соли равон 4,6 млн нафарро ташкил дод. Тавре нашрияи Медуза менависад, дар ин бора дар ҳисобҳои пешакии Идораи омори ин кишвар маълумот дода шудааст.

Тибқи маълумоти мазкур, сатҳи бекорӣ ба 6,2% баробар аст. Тавре “Интерфакс” хабар медиҳад, ин нишондиҳандаи баландтарин аз моҳи моҳи марти соли 2012 (он вақт ба 6,5% баробар буд) мебошад. Моҳи майи соли 2020 ин рақам 6,1%-ро ташкил дода буд.

Дар муассисаҳои давлатии хадамоти шуғли аҳолӣ ҳудуди 2,8 млн нафар ба сифати бекорон сабт шуда, аз ҷумла 2,6 млн нафар кумакпулии барои бекорӣ таъиншударо гирифтаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи май 30% ва қариб 4 баробар зиёдтар аз моҳи март – то оғози пандемияи коргнавирус аст.

Тавре Идораи омори Русия ишора мекунад, даромади воқеии аҳолӣ дар семоҳаи дуюм ба андозаи 8% кам шудааст.

Хабаргузории РБК дар ин робита қайд мекунад, ки ин нишондиҳанда камшавии зиёдтарин аз соли 2005 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.