Коронавирус дар Тоҷикистон: 44 сироятёфта дар шабонарӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 878 нафар расид. Ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 57 нафарро ташкил […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 878 нафар расид.

Ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 57 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то субҳи 20-уми июл 168 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 578 (81%) нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.