Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 кас ҳалок ва 4 нафар ҷароҳат бардоштанд

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 19 июл дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, 3 кас ҳалок ва 4 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон ҳагоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба […]

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 19 июл дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, 3 кас ҳалок ва 4 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон ҳагоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи боркаш таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан бармехӯрад.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи сабукрав ва ду нафар мусофирони он – занони синни 50 ва 47-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Боз чор нафар мусофирони автомашинаи “Опел-Астра”, аз ҷумла ду нафар кӯдакон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зикр мегардад, ки  ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқи кормандони Раёсати БДА қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.