Шумори қурбониёни мавсими оббозӣ қариб ҳамарӯза зиёд мешавад

Дар кӯлу дарё ва обанборҳои Тоҷикистон то 20 июл 41 нафар ғарқ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, наҷотдиҳандагони Воҳиди таъиноти махсуси Раёсати дар вилояти Суғд дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, ки як ҳавзи калони […]

Дар кӯлу дарё ва обанборҳои Тоҷикистон то 20 июл 41 нафар ғарқ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, наҷотдиҳандагони Воҳиди таъиноти махсуси Раёсати дар вилояти Суғд дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, ки як ҳавзи калони об ҳам дар он мавҷуд аст, диданд, ки марде ғарқ мешавад. “Прапоршик Зарифҷон Раҷабов бо як чолокии пешбининашаванда худро ба об андохт ва ба зудӣ ба мард наздик шуд ва ӯро аз марги эҳтимолӣ наҷот дод. Маълум шуд, ки ӯ як сокини 29-солаи деҳаи Хайрободи ноҳияи Зафаробод буда, дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекард”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, марди наҷотёфта, баъди он ки ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонданд, аз рафтан ба бемористон барои ташхис худдорӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумита ду маротиба барои наҷоти ҷони афроди ғарқшуда аз маҳалли будубоши худ берун шуданд. Аз ҷумла, соати 17:45 дақиқаи рӯзи 19-уми июн хабар расид, ки дар дарёи Варзоб як мард ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ӯро соати 19:21 дақиқа аз зери об берун оварданд. Ӯ як сокини 39-солаи пойтахт будааст. Ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхиси сабабҳои марг супурда шуд.   

Шаб, соати 21:45 дақиқа хабар расид, ки дар ҳавзе воқеъ дар ҳудуди бӯстонсарои “Маҳмудиён”-и маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ марде ғарқ шудааст. Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ғарқшударо, ки сокини 54-солаи деҳаи Гултеппа будааст, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.