Ҷанҷоли оммавии тоҷикону қирғизҳо дар Екатеринбург

Ду рӯз паиҳам – 18 ва 19 июл дар кӯчаи Пехотинтсеви шаҳри Екатеринбурги Русия, дар наздикии мағозаи «Монетка» байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз занозаниҳои гуруҳӣ рух додаанд. Тавре хабаргузории “Ахбор” иттилоъ медиҳад, дар занозании аввал, бино ба ҳисобҳо, аз 40 то 80 нафар ва дар занозании дуюм ҳудуди 100 нафар иштирок кардаанд. Пулиси Екатеринбург ба маҳалли […]

Akhbor.com

Ду рӯз паиҳам – 18 ва 19 июл дар кӯчаи Пехотинтсеви шаҳри Екатеринбурги Русия, дар наздикии мағозаи «Монетка» байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз занозаниҳои гуруҳӣ рух додаанд.

Тавре хабаргузории “Ахбор” иттилоъ медиҳад, дар занозании аввал, бино ба ҳисобҳо, аз 40 то 80 нафар ва дар занозании дуюм ҳудуди 100 нафар иштирок кардаанд. Пулиси Екатеринбург ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудани кормандони пулисро тасдиқ кардааст.

Гуфта мешавад, ин занозаниҳо дар наздикии бозоре рух доданд, ки дар он асосан муҳоҷирон кор мекунанд, вале ин бозор ба далели карантин ҳоло баста аст.

Занозаниҳо шаби шанбе дар назди мағозаи «Монетка» оғоз ёфта, дар натиҷа як нафар захмӣ шудааст. Дар атрофи ин нафар, ки дар рӯи замин афтода буд, издиҳом ҷамъ омадааст, вале баробари дидани пулис ҳама ба ҳар тараф пароканда шудаанд.

Зикр мегардад, ки иштирокчиёни занозанӣ вақте мошини пулисро медиданд, пароканда мешуданд, вале баъди рафтани пулис боз ҷамъ мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.         

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.