Боз як хатсайри чартерии “Сомон Эйр” барои аз Аврупо овардани тоҷикистониён

Asia-Plus

Рӯзи 28 июли соати 12.30 (ба вақти Олмон) тавассути хатсайри Франкфурт-Душанбе парвози чартерӣ сурат мегирад.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ҳудуди Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо қарор доранду тасмими ба Тоҷикистон баргаштанро доранд, огоҳ мекунад, ки фурӯши чиптаҳо мустақиман аз ҷониби ширкати “Сомон эйр” тибқи рӯйхатҳои тасдиқгардида ба роҳ монда хоҳад шуд.

“Дар бобати сабти номи худ бетаъхир ба сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва ё дигар намояндагиҳои дипломатии кишварамон дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муроҷиат кунед”, – омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, роҷеъ ба нархи чипта ва харидорӣ мустақиман ба намояндагии ширкат +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (93) 7777 459, [email protected]  муроҷиат кардан лозим аст.

Аз мусофирон дархост мегардад, ки ҳадди ақал 3 соат қабл аз парвози тайёра ба фурудгоҳи Франкфурт ам Майн ҳозир шаванд.

“Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандоне, ки тавассути тайёра аз кишварҳои дигар ба фурудгоҳи Франкфурт ам Майни Олмон парвоз мекунанд, расонида мешавад, ки қабл аз парвоз ба самти Олмон аз масъулони ширкати хизматрасон дархост намоянд, то бағоҷи онҳо аз маҳалли шурӯъи парвоз то ш. Душанбе ба расмиёт дароварда шавад (check baggage to final destination), то бағоҷ баъди расиданаш дар фурудгоҳи Франкфурт ба хатсайри Франкфурт-Душанбе таҳвил дода шавад”, – қайд мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, шакли дигари таҳвили бағоҷ бинобар ҳанӯз ҳам мавҷуд будани маҳдудиятҳои хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи Франкфурт ғайриимкон буда, тарки маҳалли транзит бидуни раводиди шенгенӣ ғайриимкон аст.

“Дар сурати пайдо шудани ҳамагуна саволҳои иловагӣ, бахусус ҳангоми мавҷуд будани душвориҳо дар атрофи раводидҳои муҳлаташон анҷомёфта лутфан бо рақами мобилии +4915213073751, [email protected] ба сафорати Тоҷикистон дар Берлин тамос гиред”, – тавсия медиҳад сафорат.

Зикр мегардад, ки барои шинос шудан ба муқаррароти нав ҳангоми қарор доштан дар фурудгоҳҳои Олмон ва убури марз ба сомонаи сафорат ворид шудан лозим аст: https://www.mfa.tj/tg/berlin/view/6140/lagvi-mahdudiyathoi-safar-ba-ittihodi-avrupo-va-muqarraroti-nav-dar-furudgohho.

Инчунин аз нафароне, ки аз Тоҷикистон озими Олмон мебошанд, хоҳиш карда шудааст, ки қабл аз харидории чипта бо хатсайри Душанбе-Франкфурт бо консулгарии Олмон дар Душанбе дар тамос шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...