Ӯзбекистон заминҳояшро аз ҳисоби оби Тоҷикистон обёрӣ мекунад

Обёрии заминҳои се вилояти Ӯзбекистон – Тошканд, Сирдарё ва Ҷиззах аз ҳисоби обгирии иловагӣ аз обанбори Қайроққуми Тоҷикистон (Баҳри тоҷик) амалӣ мешавад. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати оби Ӯзбекистон, бо ин мақсад кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон пойгоҳҳои обкашии гуногун ва дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ мефиристад. Ин қарор аз ҷониби Девони вазирони Ӯзбекистон 18 июли соли 2020 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Обёрии заминҳои се вилояти Ӯзбекистон – Тошканд, Сирдарё ва Ҷиззах аз ҳисоби обгирии иловагӣ аз обанбори Қайроққуми Тоҷикистон (Баҳри тоҷик) амалӣ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати оби Ӯзбекистон, бо ин мақсад кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон пойгоҳҳои обкашии гуногун ва дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ мефиристад.

Ин қарор аз ҷониби Девони вазирони Ӯзбекистон 18 июли соли 2020 дар шароите қабул шудааст, ки имсол барои обёрии заминҳои кишт дар се вилояти зикршуда камбуди об ба мушоҳида мерасад.

Баҳри ташкили обгирии иловагӣ ба Тоҷикистон 5 пойгоҳи обкашии иқтидорашон 500 литр/сония бо расонидан ба баландии 10 метр, боз пойгоҳҳои обкашии навъҳои гуногун ва дигар воситаҳо оварда мешаванд.

Ғайр аз ин, барои ҷуброни хароҷоти корҳо дар пойгоҳҳои обкашӣ аз фонди эҳтиётии Девони вазирони Ӯзбекистон 1,5 млрд сӯм маблағ ҷудо мешавад.

Воситаҳои моддӣ-техникии ҷудошуда бебозгашт ба ихтиёри воҳидҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.