Бонки миллӣ: Тӯли ним сол муҳоҷирон ба Тоҷикистон қариб ним миллиард доллар фиристоданд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирон ба Тоҷикистон 999 млн доллар пул интиқол доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 174 млн доллар камтар аст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикитсон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2019 нимсолаи аввал ҳаҷми интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар умум ба андозаи 14,8% ё худ ба маблағи 195 млн доллар кам шудааст.

Раиси БМТ қайд кард, ки моҳи июн вазъияти вобаста ба интиқоли пул беҳтар шуд: дар ин моҳ ба андозаи 0,7% зиёдтар маблағ ирсол шудааст. Лекин дар бораи маҳз чӣ миқдор зиёд шудани он маълумот дода нашуд.

Аввали моҳи май зикр шуда буд, ки давоми якуним моҳ интиқоли маблағҳо аз Русия то нисф коҳиш ёфтааст.

“Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали моҳи апрел 80 миллион доллар ё худ 50% кам шуд”, – қайд шуда буд дар мактуб-муроҷиати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, ки дар он аз ин ниҳоди байнулмилалӣ кумаки молиявӣ дархост шуда буд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи авввали соли 2020 ба андозаи 22,3% кам шуд.

Маблағи умумии интиқоли пули шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-марти соли равон 359 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (462 млн доллар) ба миқдори 22,3% камтар аст.

Ҳанӯз моҳи апрел Бонки ҷаҳонӣ пешгӯйӣ карда буд, ки соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон дар саросари дунё босуръат коҳиш ёфта, қариб 20%-ро ташкил хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...