Интернети бемаҳдуди Мегафон Тоҷикистон барои истироҳатгоҳи футболбозони ҷавон

Дар дехаи Алмосии ноҳияи Ҳисор истироҳатгоҳи наве, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуд, ифтитоҳ ёфт. Дар он кӯдакон имкон доранд тамринҳо намуда, дар табиат истироҳат кунанд ва пеш аз соли нави таҳсил нерӯи тоза бигиранд. Интернети бемаҳдуд барои алоқа бо хона аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” таъмин карда мешавад. МегаФон Тоҷикистон ва […]

Дар дехаи Алмосии ноҳияи Ҳисор истироҳатгоҳи наве, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуд, ифтитоҳ ёфт. Дар он кӯдакон имкон доранд тамринҳо намуда, дар табиат истироҳат кунанд ва пеш аз соли нави таҳсил нерӯи тоза бигиранд. Интернети бемаҳдуд барои алоқа бо хона аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” таъмин карда мешавад.

МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи ҷумҳуриявии футбол шарикони дерина мебошанд. Лоиҳаи бузургтарини муштараки онҳо – баргузории мусобиқаҳои футбол таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мусобиқаҳои мазкур барои кӯдакони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо гузаронида мешаванд. Оператор зиёд ба сифати шарики телекоммуникатсионии рӯйдодҳои варзишӣ баромад карда, ба иштирокчиён хизматрасониҳои боэътимоди алоқаро пешниҳод менамояд. Ҳамин тариқ, истироҳатгоҳи тобистона дар Алмосӣ бо дастрасии интернет аз рӯйи технологияи Wi-Fi таъмин карда шуд.  

“Деҳаи Алмосӣ дур аз шаҳрҳои калон қарор дорад, бинобар ин мо махсусан барои ҳайати кормандон ва тарбиятгирандагони лагери футбол дастрасии бесимро ба шабакаи интернет ташкил кардем. Интернети бесим ба кӯдакон имкон медиҳад, ки ба дӯстонашон аксҳои худро ирсол намуда, ба хона тавассути паёмрасонҳо даъватҳо анҷом диҳанд ва бо наздикон тавре муошират намоянд, ки онҳо одат кардаанд”, – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.