ВКД: 16 нуқтаи савдои бозори “Деҳқон” ба коми оташ рафт

Сӯхтор дар бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи яхдон сар задааст. Яхдон дар нуқтаи савдои №42, мансуб ба соҳибкори инфиродӣ Дилшод Идиев, сокини шаҳри Душанбе қарор доштааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор соати 00.29 дақиқаи шаби гузашта рух дода, майдони 134 метри мураббаъро фаро […]

Asia-Plus

Сӯхтор дар бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи яхдон сар задааст. Яхдон дар нуқтаи савдои №42, мансуб ба соҳибкори инфиродӣ Дилшод Идиев, сокини шаҳри Душанбе қарор доштааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор соати 00.29 дақиқаи шаби гузашта рух дода, майдони 134 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

“Сӯхтор соати 01:27-дақиқа пурра хомӯш карда шуд, – омадааст дар хабар ВКД. –  Оташ 16 нуқтаҳои савдоро пурра ва 8 нуқтаҳои савдоро қисман фаро гирифт”.

Гуфта мешавад, зарари расонидашуда аз ҳодисаи сӯхтор тақрибан 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ба маблағи зиёда аз 15 млн сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор ва дигар ҷузъиёти ин ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.