Донишҷӯёни аз мактабҳои динии хориҷа баргашта ба идомаи таҳсил дар Тоҷикистон хоҳиш надоштанд

3 ҳазору 901 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ин шумор 95 нафарашон ҳозир таҳсилро дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа давом дода […]

3 ҳазору 901 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ин шумор 95 нафарашон ҳозир таҳсилро дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа давом дода истодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, боқимонда донишҷӯён аз хориҷа баргашта ба идомаи таҳсил дар Тоҷикистон хоҳиш надоштанд.

“Қисме аз онҳо дар артиш хизмат карда, бархе аз рӯйи ихтисос ва дигарон бо касбҳои гуногун кор мекунанд”, – иброз дошт ӯ.

Зикр шуд, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон айни замон ҳамагӣ 924 нафар донишҷӯён таҳсили илм мекунанд.

Пас аз анҷоми сохтмони бинои нави ягона дар кишвар мактаби олии динӣ ба қабули 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён дар як баст имкон фароҳам мешавад.

Донишкада аз ҷониби ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 млн сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Бинои асосии муассиса аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна – биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ,  хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат аст.

Раиси Кумита қайд кард, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, ки маълумоти олии динӣ гирифтанианд, ба мактаби олии исломии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

“Ба мо тез-тез аз Ӯзбекистон муроҷиат мекунанд, айни замон 14 нафар намояндагони ин кишвар дар Донишкадаи исломии Тоҷикитсон таҳсил мекунанд. Пас аз анҷоми сохтмони бинои нави муассиса мо имкон пайдо мекунем, ки зиёдтар донишҷӯёнро аз хориҷи кишвар қабул кунем”, – илова кард Сулаймон Давлатзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.