Интернети бемаҳдуди Мегафон Тоҷикистон барои истироҳатгоҳи футболбозони ҷавон

Иттилоияи расмӣ

Дар дехаи Алмосии ноҳияи Ҳисор истироҳатгоҳи наве, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуд, ифтитоҳ ёфт. Дар он кӯдакон имкон доранд тамринҳо намуда, дар табиат истироҳат кунанд ва пеш аз соли нави таҳсил нерӯи тоза бигиранд. Интернети бемаҳдуд барои алоқа бо хона аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” таъмин карда мешавад.

МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи ҷумҳуриявии футбол шарикони дерина мебошанд. Лоиҳаи бузургтарини муштараки онҳо – баргузории мусобиқаҳои футбол таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мусобиқаҳои мазкур барои кӯдакони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо гузаронида мешаванд. Оператор зиёд ба сифати шарики телекоммуникатсионии рӯйдодҳои варзишӣ баромад карда, ба иштирокчиён хизматрасониҳои боэътимоди алоқаро пешниҳод менамояд. Ҳамин тариқ, истироҳатгоҳи тобистона дар Алмосӣ бо дастрасии интернет аз рӯйи технологияи Wi-Fi таъмин карда шуд.  

“Деҳаи Алмосӣ дур аз шаҳрҳои калон қарор дорад, бинобар ин мо махсусан барои ҳайати кормандон ва тарбиятгирандагони лагери футбол дастрасии бесимро ба шабакаи интернет ташкил кардем. Интернети бесим ба кӯдакон имкон медиҳад, ки ба дӯстонашон аксҳои худро ирсол намуда, ба хона тавассути паёмрасонҳо даъватҳо анҷом диҳанд ва бо наздикон тавре муошират намоянд, ки онҳо одат кардаанд”, – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...