Ба сохтмони НБО “Себзор” боз беш аз 18 млн евро ҷудо мешавад

Asia-Plus

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бораи ҷудо кардани маблағҳо барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ВМКБ созишномаи навбатии грантӣ ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, рӯзи 22 июл вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода Созишномаи сеҷонибаи грантиро бо Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони НБО “Себзор” ба маблағи 18,6 млн. евро ба имзо расонид, ки ин маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Гуфта мешавад, дар доираи ин маросим Шартнома оид ба пешниҳоди маблағи грантӣ дар ҳаҷми 1 млн. евро барои кумакҳои ниёзи тиббӣ ҷиҳати бақайдгирии беморӣ ва омӯзонидани кормандони соҳаи тиб барои бартараф намудани паҳншавии пандемияи коронавируси COVID – 19 низ ба имзо расонида шуд.

Хотиррасон мешавад, ки  2 августи соли 2019 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон Созишнома оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ба имзо расонида шуда, дар доираи созишномаи мазкур ҷониби Германия 17 млн. евро грант барои сохтмони лоиҳаи НБО “Себзор” пешбинӣ намудааст.

“Инчунин 2 декабри соли 2019 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария барои маблағгузориии бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ “Себзор-Хоруғ”, дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 кВ, чорабиниҳо доир ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим Созишнома ба маблағи грантии 9,55 млн. доллар ба имзо расид”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 1,9 млн. доллар барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии хати интиқоли барқи 110 кВ “Хоруғ-Ишкошим” ва аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 3 млн. доллар барои гузаронидани таҳқиқотҳои зарурӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҶСК “Помир энерҷӣ” маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки НБО “Себзор” дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ сохта мешавад. Ба корҳои сохтмони он тобистони соли 2015 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида буд.

Айни замон корҳо дар нерӯгоҳ бо дастгирии ҳукумат аз ҷониби ширкати “Помир Энержӣ” роҳандозӣ шудааст.

Дар паёми ахири худ ба парлумони кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки нерӯгоҳи “Себзор” соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...