Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон 112 млн евро ҷудо мекунад

Комиссияи Аврупо баҳри дастгирии соҳаҳои тандурустиву маориф ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон 112 млн евро маблағ ҷудо мекунад Иттилоияи расмӣ дар ин бора дар сомонаи Комиссияи Аврупо нашр шудааст. Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байнулмилалӣ Ютта Урпилайнен дар ин робита изҳор доштааст, ки Иттиҳод ба Тоҷикистон барои вокуниш ба хатари коронавирус ва қонеъ намудани талаботи […]

Asia-Plus

Комиссияи Аврупо баҳри дастгирии соҳаҳои тандурустиву маориф ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон 112 млн евро маблағ ҷудо мекунад Иттилоияи расмӣ дар ин бора дар сомонаи Комиссияи Аврупо нашр шудааст.

Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байнулмилалӣ Ютта Урпилайнен дар ин робита изҳор доштааст, ки Иттиҳод ба Тоҷикистон барои вокуниш ба хатари коронавирус ва қонеъ намудани талаботи тиббӣ-санитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ 112 млн евро маблағ ҷудо мекунад.

“Тоҷикистон сатҳи фарогирии хизматрасонии тиббиро беҳтар карда, ҷавонони тоҷикистонӣ барои гирифтани маълумоти хушсифат дастрасии бештар ва минбаъд дарёфти шуғли шоиста имкон пайдо мекунанд “, – гуфтааст ӯ.

Басти кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 млн Евро), Барномаи дастгирии маълумоти хушсифат II (50 млн Евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 млн Евро).

Ду барномаи аввал (ба маблағи умумии 46,2 млн Евро) аз тадбирҳое иборатанд, ки мустақиман ба дастгирии вокуниши фаврӣ ба пандемия, тақвият бахшидани талошҳо баҳри сабукгардонии оқибатҳои манфии он равона мегарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.