Қисме аз ширкати оилаи Алимардоновҳо ба фоидаи давлат гирифта мешавад

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Як қисми ширкати ҶДММ “Баракати Ҷомӣ”, ки ба оилаи Муродалӣ Алимардонов тааллуқ дорад, барои сари вақт напардохтани маблағҳои қарзи бонкӣ ба фоидаи давлат мегузарад.

Дар ин бора Саид Ёқубзод, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Аллакай гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳисоботҳои мувозинавиашро дида мебарояд. Мумкин рӯзҳои наздик ба итмом расад. Ҳамон хоҷагӣ бо 400 гектар замин ва 220 сар гови зотӣ ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ мегузарад. Сабабашро ба мо нагуфтанд. Аз рӯйи маълумоти чӣ хеле русҳо мегӯянд “сарафанное радио”, дар вақташ ин хоҷагӣ аз бонк қарзҳои имтиёзнок гирифтааст. Бинобар сари вақт пардохт напардохтани қарз, ин амвол бояд ба фоидаи давлат гузарад. Ҳоло ин расман тасдиқ нашуда, маълумотро худи хоҷагидорҳо мегӯянд”, – изҳор дошт раиси ноҳия.

Ба қавли Саид Ёқубзод, нисбат ба роҳбари ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” Муродалӣ Мирзоев 2 моҳ боз тафтишоти мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ ҷараён дорад.

“Ҳоло дар ин ширкат роҳбари муваққатӣ таъин карданд. Қисме аз заминҳои онҳо кишт нашуданд. Мо заминҳои холимондаи ин ширкатро ба мардуми маҳаллӣ тақсим кардем, то самаранок истифода бурда, андозҳояшро супоранд. ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” дар чанд самт фаъолият мекунад. Аз ҷумла, дар мувозинаи ин ширкат хоҷагиҳои тухмипарварӣ, боғпарварӣ ва чорвопарварӣ ҳаст”, – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврал Саид Ёқубзод дар нишасти матбуотии қаблияш гуфта буд, ки ширкатҳои оилаи Алимардоновҳо аз ҳисоби андоз 1,5 миллион сомонӣ қарздоранд. Рӯзноманигорон аз раиси ноҳия пурсиданд, ки Алимардоновҳо ин қарзашонро пардохтанд?

Дар посух ба ин суол Ёқубзод гуфт: “Яке аз қисматҳои ширкаташон, яъне корхонаи пахтатозакунии “Рушди Ҷомӣ”-ро ба дигар нафар фурӯхтанд. Қисме аз қарзҳое, ки ба ин корхона дахл дошт, ба соҳибмулки нав гузашт. Ҳозир қарзи ширкати ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” 489 ҳазору 674 сомониро ташкил медиҳад”. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...