Итиёзҳои бонкҳои Тоҷикистон ба мизоҷон ба маблағи беш аз $145 млн

Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар робита ба коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди кишвар ба зиёда аз 100 ҳазор адад муштариёни худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ (беш аз 145 млн доллар) имтиёзҳо пешниҳод намуданд. Тавре Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, аз ҷумла, муҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28,6 ҳазор шумораи муштариён бо маблағи 800 […]

Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар робита ба коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди кишвар ба зиёда аз 100 ҳазор адад муштариёни худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ (беш аз 145 млн доллар) имтиёзҳо пешниҳод намуданд.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, аз ҷумла, муҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28,6 ҳазор шумораи муштариён бо маблағи 800 млн сомонӣ тамдид гардида, зиёда аз 43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шуданд.

Гуфта мешавад, тадбирҳои мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президенти мамлакатбо дарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 ба иқтисодиёт рӯйи даст гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маҷмӯъ меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар моҳи январ-июни соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 банди фоизӣ (аз 15,5 фоиз то 13 фоиз) паст шуда, меъёри фоизи қарзҳо бо пули миллӣ бошад, 1,7 банди фоизӣ зиёд шудааст (аз 21,9 фоиз то 23,6 фоиз).

Зикр мегардад, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ бонкҳо ба маблағи умумии наздики 4 млрд сомонӣ қарз додаанд.

“Аз ҳаҷми умумии қарз 19,3% ба соҳаи савдои хориҷӣ, 18,8% ба бахши кишоварзӣ, 10,6% ба саноат, 27,7% ба истеъмолот, 14% фоиз ба хизматрасонӣ, 5,2% ба сохтмон, 1,2% ба нақлиёт, 0,6% ба миёнаравии молиявӣ ва 2,6% ба дигар соҳаҳо рост меояд”, – таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.