Осеби сел ба хоҷагиҳои Деваштич ва роҳи Душанбе-Хуҷанд

Бар асари омадани сел шоми рӯзи 25 июл ба иншооти хоҷагидорӣ ва манзилҳои сокинони деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич зарар расид. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон, тибқи маълумоти ибтидоӣ сел 15,76 га заминҳои кишти картошка, сабзӣ, ҷав, беда ва 5 пулро дар деҳаи Овчи хароб кардааст. “Аз сел 13765 метр […]

Бар асари омадани сел шоми рӯзи 25 июл ба иншооти хоҷагидорӣ ва манзилҳои сокинони деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич зарар расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон, тибқи маълумоти ибтидоӣ сел 15,76 га заминҳои кишти картошка, сабзӣ, ҷав, беда ва 5 пулро дар деҳаи Овчи хароб кардааст.

“Аз сел 13765 метр хатти обҳои нӯшокӣ ва полезӣ (40 дона қубури азбест), 5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва 2 км роҳи ноҳиявӣ зарар дида, ҳамчунин селу лойқа ба 13 таҳхонаҳои манзили истиқоматии сокинони деҳаи Овчи ворид шудааст”, – омадааст дар маълумоти Кумита.   

Гуфта мешавад, айни ҳол Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич дар ҷои ҳодиса фаъолият дошта, бартарафсозии паёмадҳои сели харобкор идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, қарибиҳои шоми рӯзи 26 июл бар асари борони пуршиддат дар километри 128 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Айнӣ сел омад, ки дар натиҷа роҳи ҳаракати нақлиёт дар мавзеи зикршуда муваққатан баста шуд.

Зикр мешавад, ки бо ҷалби 3 адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ ва 1 адад автогрейдер аз тарафи ширкати “IRS” баъди якуним соат ҳолати баамаломада пурра бартараф ва ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.