Ҳукумати Тоҷикистон $70 млн грант дастрас карданист

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иқтисоди кишвар ба дастрас кардани кумаки бебозгашти ниҳодҳои молиявӣ ба маблағи ҳудуди 70 млн доллар умедвор аст. “Бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 52,5 млн доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллар дар […]

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иқтисоди кишвар ба дастрас кардани кумаки бебозгашти ниҳодҳои молиявӣ ба маблағи ҳудуди 70 млн доллар умедвор аст.

“Бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 52,5 млн доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллар дар назар аст, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми бонкӣ муҳим мебошад, – иброз дошт муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни ҷаласаи васеи роҳбарияти БМТ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ.

Ӯ қайд кард, ки бо ин мақсад дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллар маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Нуралиев, тавассути Хазинаи байнулмилалии асъор – 189,5 млн, Бонки ҷаҳонӣ – 11,3 млн, Бонки осиёии рушд – 50 млн ва Бонки рушди АвруОсиё – 50 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст.

Зимнан таъкид шуд, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар доираи ҳамкории БМТ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар ин давра аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор қарзи БМТ ба маблағи 11 млн доллар аз эътибор соқит карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.