Ҳукумати Тоҷикистон $70 млн грант дастрас карданист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иқтисоди кишвар ба дастрас кардани кумаки бебозгашти ниҳодҳои молиявӣ ба маблағи ҳудуди 70 млн доллар умедвор аст.

“Бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 52,5 млн доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллар дар назар аст, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми бонкӣ муҳим мебошад, – иброз дошт муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни ҷаласаи васеи роҳбарияти БМТ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ.

Ӯ қайд кард, ки бо ин мақсад дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллар маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Нуралиев, тавассути Хазинаи байнулмилалии асъор – 189,5 млн, Бонки ҷаҳонӣ – 11,3 млн, Бонки осиёии рушд – 50 млн ва Бонки рушди АвруОсиё – 50 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст.

Зимнан таъкид шуд, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар доираи ҳамкории БМТ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар ин давра аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор қарзи БМТ ба маблағи 11 млн доллар аз эътибор соқит карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...