Омодагии Тоҷикистону Русия ба барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Мақомоти авиатсионии Русия ба зиёд кардани шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия барои ба ватан бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дод.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор дошт, ки акнун ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар як ҳафта 14 парвоз (2-парвозӣ дар як рӯз) анҷом медиҳанд.

“Аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон (ҳам тариқи нақлиёти заминӣ ва ҳам ҳавоӣ),  аз ҷумла 8 ҳазор нафар аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда, инчунин 207 ҷасади тоҷикистониён ба ватан интиқол дода шуд”, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 27 июл роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки Тоҷикистон ба барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия омода аст.

“Рӯзи дақиқи барқарор шудани он маълум нест. Ин масъала миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дорад. Росавиатсия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон доир ба омодагӣ ба роҳандозии хатсайрҳои байнулмилалӣ байни ду кишвар дархост фиристод. Дар поух ба номаи Росавиатсия Агентӣ низ омодагии худро ба боз кардани хатсайрҳо изҳор кард”, – хабар дод ба журналистон Субҳонзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳо бо риояи тамоми талаботи санинтарӣ омода аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...