Роҳбари “Тоҷик Эйр”: то 90%-и кормандони ширкат ба рухсатӣ фиристода шуданд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бар асари пандемияи коронавирус беш аз 80-90%-и кормандони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори ширкати ҳавопаймоӣ Дилшод Исматуллозода изҳор дошт, ки чанде аз онҳо баъди роҳандозии парвозҳои чартерӣ ба кор даъват шуданд.

Дар бораи ба кормандон пардохт шудани ҷубронпулӣ ё маош ҳангоми бозистодани фаъолияти ширкат дар нишасти матбуотӣ сухан нарафт.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пандемияи коронавирус ва қатъи иртиботи ҳавоӣ 70-80%-и кормандони Фурудгоҳҳои байнулмилалии Душанбе, фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб, Бохтару Хоруғ, инчунин кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуран ба рухсатӣ фиристода шуданд.

Он замон аксарият шикоят карданд, ки “аз пули рӯзгузарониашон маҳрум шуданд”. Ҳомиёни ҳуқуқ изҳор доштанд, ки дар сурати қатъи маҷбурии фаъолият ва бо ташаббуси корфармо ба рухсатӣ фиристодан, кормандон мувофиқи басти воҳидҳои корӣ (штат) бояд маоши худро гиранд.

“Мувофиқи моддаи 33 Кодекси меҳнати ҶТ, агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори воҳидҳои (сехҳо, участкаҳо, бригадаҳо) алоҳидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боздорад. Муваққатан боздоштани ташкилот ҳамчун бекористӣ бе гуноҳи кормандон ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар ба онҳо ба андозаи маоши моҳона музд дода мешавад. Муваққатан боздоштани кор бе додани музди бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад”, – гуфта буд ба “Азия-Плюс” роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Одинаев, мувофиқи моодаи 117, қисми 1-и Кодекс, дар мувофиқа бо корманд ӯро бидуни нигаҳдории маош ё қисман нигаҳдории он ба рухсатӣ фиристодан мумкин аст.

“Аммо дар қисми 2-и ҳамин модда гуфта мешавад, “дар ҳолати мазкур андозаи музди меҳнати пардохтшаванда бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи музди меҳнати моҳонаи корманд кам буда наметавонад”, ки ба ақидаи ман, мухолифи қисми 1 аст”, – шарҳ дод коршинос.

Ба ақидаи ҳуқуқшинос, ба ин тариқ метавон ба хулосае расид, ки агар ташаббускори қатъи фаъолият корфармо бошад, пас он метавонад кормандонро бо нигаҳдории музди меҳнат ё бо розигии онҳо бидуни нигаҳдории маош ба рухсатӣ фиристад.

“Дар сурати эълони вазъияти фавқулода, ки ҳолати ғайримунтазира маҳсуб меёбад, корфармо аз пардохти музди меҳнат озод мешавад. Зарару зиёни шаҳрвандон замони ҳолатҳои фавқулода аз суратҳисоб/фондҳои хароҷотҳои ғайричашмдошти ҳукумати ҶТ ҷуброн мешаванд”, – гуфт Наврӯз Одинаев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...