Манъи оростани дастархони идона ва идгардаки кӯдакон

Ин масъала имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии COVID-19 таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода баррасӣ мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати кишвар хабар дод, сохторҳои дахлдори кишвар пешниҳод кардаанд, ки дар робита ба вазъияти вобаста ба коронавирус дар рӯзи Иди Қурбон, 31 июл […]

Ин масъала имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии COVID-19 таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода баррасӣ мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати кишвар хабар дод, сохторҳои дахлдори кишвар пешниҳод кардаанд, ки дар робита ба вазъияти вобаста ба коронавирус дар рӯзи Иди Қурбон, 31 июл оростани дастархони идона ва идгардаки кӯдакон манъ карда шавад.

Тибқи анъанаи маъмулӣ дар идҳои мусулмонии Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон кӯдакон аз субҳ ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрики ид омада, аз соҳибхонаҳо туҳфа мегиранд.

Ба гуфтаи манбаъ, пешниҳоди манъкунии дастархонороиву идгардак бешубҳа дастгирӣ хоҳанд ёфт, ки ба пешгирии паҳншавии беморияҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус равона шудааст.

Ёдрас мекунем, ки идораҳои динии Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 вақти Иди Рамазон мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карданд.

Он замон Шӯрои уламо изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд.

Моҳи августи соли 2017 ба қонун дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуд. Ин тағйирот мусалмононро ба оростонаи дастархони идонаи хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар айёми ид уҳдадор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.