Эрон барои боркашонӣ ба Тоҷикистон долони нав боз кард

Ҳукумати Эрон дар бораи ифтитоҳи долони нав барои боркашонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бандарҳои ҷануби Эрон хабар медиҳад. Мудири кулли Бюрои транзитии Эрон (IRICA) Мустафо Оятӣ рӯзи якшанбеи гузашта ба хабаргузории Mehr гуфтааст, долони Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон баҳри равуои зудтари бору маҳсулот аз бандарҳои ҷануби Эрон ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст. Ӯ қайд […]

Ҳукумати Эрон дар бораи ифтитоҳи долони нав барои боркашонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бандарҳои ҷануби Эрон хабар медиҳад.

Мудири кулли Бюрои транзитии Эрон (IRICA) Мустафо Оятӣ рӯзи якшанбеи гузашта ба хабаргузории Mehr гуфтааст, долони Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон баҳри равуои зудтари бору маҳсулот аз бандарҳои ҷануби Эрон ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст.

Ӯ қайд кардааст, ки истифодаи ба истилоҳ як ҳуҷҷати гумрукӣ, ки барои транзити байнулмилалии бор дода мешавад, барои ширкатҳои содиркунанда қулай хоҳад буд. Ин ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки расмиёти азназаргузаронии бор содатар шавад.

Ба гуфтаи Оятӣ, аввалин панҷ мошини боркаши Эрон тариқи Афғонистон бо долони бози нақлиётӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

“Ин хатсайри нав минтақаро барои тиҷорату рушд боз намуда, ба содиркунандагон ва ширкатҳои нақлиётӣ ҷиҳати сарфаи назарраси воситаҳову вақт зимни ҳамлу нақли бору маҳсулот шароити мусоид фароҳам меоварад”, – илова кардааст вай.

Қобили зикр аст, ки боркашонии автомобилӣ байни Тоҷикистону Эрон тайи ду соли ахир бидуни убури қаламрави Туркманистон амалӣ мешавад, зеро ин кишвар то ҳол бо сабабҳои номаълум ба автомашинаҳои Тоҷикистон убури қаламравашро иҷоза намедиҳад.

Бору маҳсулот аз Эрон тариқи қаламрави Озарбойҷону Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.