Роҳбари “Тоҷик Эйр”: “Ба фикрам, билетҳо ба парвозҳои чартерӣ начандон қиматанд”

Директори ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода бар ин назар аст, ки билетҳои ҳавопаймоӣ ба парвозҳои чартерӣ начандон гаронанд. Зимни нишасти матбуотии имрӯза ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ хатсайрҳои чартериро аз як самт анҷом диҳанд, нархи билет ва хизматрасониҳо ҳатман 40% боло мераванд. “Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва […]

Директори ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода бар ин назар аст, ки билетҳои ҳавопаймоӣ ба парвозҳои чартерӣ начандон гаронанд.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ хатсайрҳои чартериро аз як самт анҷом диҳанд, нархи билет ва хизматрасониҳо ҳатман 40% боло мераванд.

“Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва бо назардошти пешниҳоди тахфиф барои мусофирон синни то 12-сола, ба фикрам, биетҳо ба парвозҳои чартерии мо начандон қиматанд”, – гуфт Исматуллозода.

Арзиши билетҳо ба хатсайрҳои чартерии Маскав-Душанбе аз 300 (бо мусофирон аз ду самт) то 500 долларро ташкил медиҳад.

Субҳон Икромзода, роҳбари департаменти авиатсияи гражданӣ ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” доир ба масъалаи мазкур посух дод, ки ҳар сол пеш аз оғози парвозҳо дар мавсими нав ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ мувофиқи талаботи созишномаҳои имзошуда вохӯрда, дар доираи хароҷот ва муайян кардани даромади ширкатҳо нархи билетҳоро муайян мекунанд.

“Дар парвозҳои чартерӣ ба хароҷот аз 40% илова мешавад. Яъне, дар ин ҳолат ҳамаи хароҷот, аз ҷумла барои сӯзишворӣ, аэронавигатсия, хизматрасонии фурудгоҳ ва ғайраро ҳар кадоме аз ширкатҳо бояд ҳисоб кунанд ва мувофиқи нархгузорӣ, ширкатҳо бо иловаи фоидаи муайян барои фаъолияти минбаъда нархи билетро муқаррар мекунанд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 27 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия аз имрӯз ба иҷрои ду парвоз аз Русия ба Тоҷикистон дар як рӯз иҷоза додааст, яъне дар як ҳафта ба ивази 10 парвози пешина 14 парвоз анҷом дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз 25 июн ба баровардани шаҳрвандони худ аз хориҷи кишвар оғоз кард. Мусофирон аз гаронии билет ба ин парвозҳо шикоят карда мегӯянд, ки бо ин нарх тавони харидани онро надоранд.

Қаблан замони алоқаи ҳавоии мунтазам арзиши миёнаи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Русия аз 14 то 20 ҳазор рубли русиро ташкил медод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.