Густариши шабакаи васеи Мегафон Тоҷикистон ба манфиати муштариён

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” марҳилаи навбатии модернизатсияи шабакаро дар ҳудуди ш.Душанбе ва НТМ ба анҷом расонид. Дар давоми нимсолаи аввал оператор дар ин ҷой зиёда аз 50 пойгоҳҳои нави базавиро, ки бештар дар басомадҳои 1 800 ва 2 600 МҲс фаъолият мекунанд, ба кор даровард. Басомади иловагӣ имкон медиҳад, ки қобилияти гузариши таҷҳизот васеъ карда шуда, ба ин […]

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” марҳилаи навбатии модернизатсияи шабакаро дар ҳудуди ш.Душанбе ва НТМ ба анҷом расонид. Дар давоми нимсолаи аввал оператор дар ин ҷой зиёда аз 50 пойгоҳҳои нави базавиро, ки бештар дар басомадҳои 1 800 ва 2 600 МҲс фаъолият мекунанд, ба кор даровард. Басомади иловагӣ имкон медиҳад, ки қобилияти гузариши таҷҳизот васеъ карда шуда, ба ин восита дастрасӣ ба интернети баландсуръати мобилӣ барои теъдоди ҳарчи зиёдтари муштариён таъмин карда шавад.  

Пойгоҳҳои базавӣ аз ҷониби МегаФон дар тамоми ҳудуди минтақа ба кор дароварда мешаванд. Танҳо дар моҳи июн – июл таҷҳизоти нав дар пойтахти ҷумҳурӣ, инчунин дар ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Лахш, Файзобод ва Шаҳринав ба кор шуруъ кард. Аксарияти ин пойгоҳҳои базавӣ бо стандарти 4G/LTE кор карда, афзалияти асосии онҳо суръатҳои баланди интернет маҳсуб меёбад.

“Мо пайваста кӯшиш менамоем, ки сифати баланди хизматрасониҳои алоқаро барои муштариён таъмин намоем. Бинобар ин дар шаҳрҳои калон, ки дар онҳо интернет маъруфияти бештар дорад, мо басомади 2 600 МҲс-ро истифода менамоем – он имкон медиҳад, ки табодули маълумот бо суръатҳои баландтарин анҷом дода шавад. Басомади 1 800 МҲс бошад, фарогирии нисбатан васеи шабакаро таъмин менамояд. Интегратсияи басомадҳои гуногун вобаста ба хусусияти истифодаи хизматрасониҳои алоқа дар нуқтаи муайяни аҳолинишин  амалӣ карда мешавад”, – изҳор дошт директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

Мувофиқи маълумоте, ки дар натиҷаи амалҳои андозакунӣ ба даст меоянд, технологияи LTE 2600 имкон медиҳад, ки дар шаҳрҳои минтақа суръатҳои интернет то 80-90 Мбит/с. расонида шаванд. Дар оянда интегратсияи ин басомад дар пойгоҳҳои базавие, ки аз нав ба кор дароварда мешаванд – аз ҷумла дар ҳудуди марказҳои ноҳиявии Тоҷикистон, аз ҷониби оператор боз ҳам васеътар карда мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.