Агентии зиддифасод пулҳои гумшудаи “Агроинвестбонк”-ро меҷӯяд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи 391 млн сомонӣ маблағҳои “Агроинвестбонк” парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

“Дар доираи парвандаи мазкур наздики 40 корманди масъули “Агроинвестбонк” (аз ҷумла кормандони собиқ), инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Қутбиддин Сафарзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтиши парвнадаи ҷиноятии зикршуда муфатттишон мақсад гузоштаанд, ки далелҳои пешниҳоди қарзҳои ғайриқонунӣ, азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи онҳоро ошкор кунанд.

“Баъзе ҷузъиёти парванда набояд ифшо гардад, – қайд кард Сафарзода. – Дар пеш моро кори тӯлонӣ ва дақиқназарона интизор аст”.

Дар идома зикр шуд, ки “давлат дар ниҳояти кор ба он ноил хоҳад гашт, ки амонатҳои саҳмдорони бонк баргардонида шавад”.

Чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон зикр шуд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро баргардониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...