Агентии зиддифасод пулҳои гумшудаи “Агроинвестбонк”-ро меҷӯяд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи 391 млн сомонӣ маблағҳои “Агроинвестбонк” парвандаи ҷиноятӣ боз кард. “Дар доираи парвандаи мазкур наздики 40 корманди масъули “Агроинвестбонк” (аз ҷумла кормандони собиқ), инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза сардори Раёсати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи 391 млн сомонӣ маблағҳои “Агроинвестбонк” парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

“Дар доираи парвандаи мазкур наздики 40 корманди масъули “Агроинвестбонк” (аз ҷумла кормандони собиқ), инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Қутбиддин Сафарзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтиши парвнадаи ҷиноятии зикршуда муфатттишон мақсад гузоштаанд, ки далелҳои пешниҳоди қарзҳои ғайриқонунӣ, азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи онҳоро ошкор кунанд.

“Баъзе ҷузъиёти парванда набояд ифшо гардад, – қайд кард Сафарзода. – Дар пеш моро кори тӯлонӣ ва дақиқназарона интизор аст”.

Дар идома зикр шуд, ки “давлат дар ниҳояти кор ба он ноил хоҳад гашт, ки амонатҳои саҳмдорони бонк баргардонида шавад”.

Чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон зикр шуд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро баргардониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.