Аз фаъолият бозмондани 124 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон

Тайи соли охир 124 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар Вазорати саноат ба мавсимӣ будани кор, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва […]

Тайи соли охир 124 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар Вазорати саноат ба мавсимӣ будани кор, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, инчунин баҳсҳои амволӣ нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, бо супориши сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода мақомот ва сохторҳои дахлдор ба масъалаи барқарор сохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, инчунин таъсиси иқтидорҳои нави саноатӣ машғуланд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2216 корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 682, Хатлон – 604, шаҳри Душанбе – 464, Ноҳияҳои тобеи марказ – 420 ва ВМКБ – 46 корхона ба қайд гирифта шудааст.

Нимсолаи аввал дар корхонаҳои амалкунандаи саноатии кишвар ба маблағи умумии беш аз 13,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,2% зиёдтар аст.

Истеҳсолоти саноатӣ асосан аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ (29,3% аз ҳаҷми умумии истеҳсол), саноати истихроҷи кӯҳӣ (26,2%) ва саноати хӯрокворӣ (20,8%) таъмин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.