Агентии зиддифасод: Ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона дар Тоҷикистон вуҷуд надорад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад кард.

“Дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода. – Инчунин ҳеҷ кадоме аз овозаҳо дар бораи аз ҷониби табибони тоҷик гирифтани “ҳаққи хизмат” барои муолиҷаи коронавирус тасдиқ нашуд”.

Ба гуфтаи ӯ, хароҷоти ҳамаи маблағҳо, аз ҷумла маблағҳои ҷудошуда аз ҷониби давлат, созмонҳои байнулмилалӣ ва ихтиёриён, ки ба Фониди мубориза бо пандемияи COVID-19 гузаронида мешаванд, зери назорати қатъии ҳукуматдорон қарор доранд.

Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии COVID-19 таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хароҷот ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо дар ин самт қатъӣ назорат мекунанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, ки қаблан бемории илтиҳоби шушро паси сар намуд, низ овозаҳо дар бораи фурӯши кумаки башардӯстонаи ба кишвар воридмешуда, аз ҷумла маводи тиббиро рад карда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи ба куҷо равона гардидани кумаки башардӯстона маълумоти муфассал дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...