Тайи соли охир 124 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар Вазорати саноат ба мавсимӣ будани кор, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, инчунин баҳсҳои амволӣ нисбат медиҳанд.
Гуфта мешавад, бо супориши сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода мақомот ва сохторҳои дахлдор ба масъалаи барқарор сохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, инчунин таъсиси иқтидорҳои нави саноатӣ машғуланд.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2216 корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 682, Хатлон – 604, шаҳри Душанбе – 464, Ноҳияҳои тобеи марказ – 420 ва ВМКБ – 46 корхона ба қайд гирифта шудааст.
Нимсолаи аввал дар корхонаҳои амалкунандаи саноатии кишвар ба маблағи умумии беш аз 13,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,2% зиёдтар аст.
Истеҳсолоти саноатӣ асосан аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ (29,3% аз ҳаҷми умумии истеҳсол), саноати истихроҷи кӯҳӣ (26,2%) ва саноати хӯрокворӣ (20,8%) таъмин шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


