Дар Суғд боз 3 озмоишгоҳи вирусологӣ ба кор оғоз мекунанд

Date:

Ояндаи наздик дар вилояти Суғд боз 3 озмоишгоҳи вирусологӣ ба кор оғоз мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии вилоят хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмоишгоҳҳо дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва Исфара боз мешаванд. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду озмоишгоҳи вирусологӣ фаъолият доранд.

“Дар озмоишгоҳҳ дар як шабонарӯз то 200 кас ташхис супорида метавонанд. Ташхиси ошкор кардани COVID-19 бепул аст”, – қайд кард манбаъ.

Тибқи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, аз оғози пандемия 16 нафар сокинони вилоят бар асари сирояти коронавирус фавтиданд. Дар қаламрави минтақа ҳамагӣ 1938 нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шуда, 1891 нафар шифо ёфтанд.

Дар бораи фаъолияти озмоишгоҳи вирусологӣ дар шаҳри Хуҷанд маводи мо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...