Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба сарвари бозори Шаҳритус дар пайи сӯхтор

Вобаста ба ҳолати сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус нисбат ба сарвари он парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар ин бора Садриддинхон Султонзода, сардори раёсади Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. “Баъд аз сӯхтор мутахассисони мо санҷида, маълум карданд: сӯхтор аз хати барқи иловагии бозор сар задааст, ки барои равшанидиҳӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Вобаста ба ҳолати сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус нисбат ба сарвари он парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар ин бора Садриддинхон Султонзода, сардори раёсади Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Баъд аз сӯхтор мутахассисони мо санҷида, маълум карданд: сӯхтор аз хати барқи иловагии бозор сар задааст, ки барои равшанидиҳӣ ва таъмини яхдонҳо бо барқ кашида шудааст. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки тахминан 10 рӯз қабл сӯхтори хурде рух додааст, вале онро аз мо пинҳон кардаанд. Аз натиҷаи санҷиш нисбат ба сарвари бозор Насим Каримов ва барқчии он Маҳмадулло Давлатов бо моддаи 192 қисми 2 КҶ ҶТ (Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, ба суд фиристода шудааст”, – гуфт сардори раёсат.

Султонзода изҳор дошт, ки бар асари ин сӯхтор ба бозор ва соҳибкорон беш аз 4 миллион сомонӣ зарар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус 24-уми май ба амал омад. Бар асари он қисми зиёди нуқтаҳои савдо ва мағозаҳои бозор сӯхт.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, азнавсозии ин бозорро “Тоҷикматлубот” бар уҳда гирифта, нуқтаҳои савдоро барқарор хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.