Вазорати молия: Маошу нафақа ва стипендияҳо дар ҳама гуна ҳолат аз 1 сентябр зиёд мешаванд

Сарфи назар аз мушкилоти молиявии вобаста ба пандемияи коронавирус, музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо аз 1 сентябр зиёд мешаванд. “Маблағҳои зарурӣ бо ин мақсад дар буҷети соли равон пешбинӣ шудааст”, – изҳор дошт вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе. Ӯ қайд кард, ки болоравии маошу нафақа ва стипендияҳо ба […]

Сарфи назар аз мушкилоти молиявии вобаста ба пандемияи коронавирус, музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо аз 1 сентябр зиёд мешаванд.

“Маблағҳои зарурӣ бо ин мақсад дар буҷети соли равон пешбинӣ шудааст”, – изҳор дошт вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки болоравии маошу нафақа ва стипендияҳо ба андозае, ки президенти мамлакат дар паёмаш ба парлумон зикр карда буд, сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон дастур дод, ки аз 1 сентябр маоши кормандони буҷет, инчунин нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% боло барда шаванд.

Афзоиши маоши кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба андозаи 10%, кормандони дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин нафақа ва стипендияҳо – дар ҳаҷми 15% пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, болоравии ҳаҷми нафақаи маъюбони синни то 18-сола, инчунин бекорон ва гурӯҳи шахсони маъюби ба нигоҳубин ниёзманд ба андозаи 50% ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар як моҳ – 1406 сомонӣ (136 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маблағи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат бо назардошти бақияи солҳои пешин дар аввали моҳи июн ба 67 млн 386 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 6,5 млн доллар) расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.